Намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин: ба хабару овозаҳои беасос дода нашавед

Январь 28, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ дод, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэйи Чинмаркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар робита ба хабару овозаҳои беасос иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, ба ҳайси намояндагӣ аз роҳбарияти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Муҳаммади Эгамзод ба ҳамватанон ва донишҷӯёни дар Чин қарордошта муроҷиат намудааст, ки матни онро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем:

«Ҳамватанони азиз, донишҷӯёни гиромӣ!

Ба ҳайси намояндагӣ аз роҳбарияти Сафорат аз ҳамаи шумоён эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳсу мунозираи беасосро канор гузошта, дар якҷоягӣ, аз рӯи ақли солим ба вазъият баҳо диҳем.

Ҳукумати Чин, ки кишвари абарқудрат аст, вазъиятро пурра назорат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли ин масъаларо дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Чин дар тамоси доимӣ қарор дорад. Айни замон ба хабару овозаҳои беасос ва иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, дода нашуда, беҳтараш ба масъалаҳои зерин бояд аҳамият дод:

  1. Иҷрои бечунучарои талаботи мақомоти чинӣ дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ;
  2. Барқарор намудани алоқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин танҳо тавассути сомонаи расмии он, саҳифаи WeChat-и Сафорат, почтаи электронӣ ва рақамҳои телефони намояндагии дипломатӣ. Ҳангоми муроҷиат ному насаби пурра, шаҳри иқомат, номи пурраи Донишгоҳ ва рақами телефони нафари муроҷиаткунанда бояд зикр карда шавад;
  3. Мақсади мақомоти чинӣ аз пешгирии сафар ва гаштугузори аҳолӣ, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ роҳ надодан ба паҳншавии ин вирус аст. Дар ҳолати дар ҷойи худ қарор доштани аҳолӣ барҳам задани нуқтаҳои мавҷудияти вирус осонтар хоҳад шуд.
  4. Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳал хоҳад кард. Аммо, айни замон талаботи мақомоти чиниро бояд ҳамагӣ бечунучаро иҷро намоянд.
  5. Шаҳрвандони моро зарур аст, ки дар ҳолатҳои фавқулода бояд фавран ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони зерини Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат намоянд: Суҳроб Қодиров (+86 18511786686); Амриддин Носиров (+86 18514270747) ва Фаромӯз Муҳаммадиев (+86 13522787975).

Нишонии Сафорати Тоҷикистон дар Чин:

No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039;

e-mail: tajembbeijing@mfa.tj»

Едовар мешавем, ки 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония)-и номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин кишвар хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.

Бино ба иттилои ТАСС, ба ҳолати то 27 январ дар 29 музофот ва шаҳрҳои Чин зиёда аз 4 ҳазору 500 ҳодисаи тасдиқшудаи илтиҳоби шуш бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуда, то имрӯз аз ин вирус 106 нафар фавтидаанд.

Январь 28, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»