Намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин: ба хабару овозаҳои беасос дода нашавед
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ дод, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэйи Чин — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар робита ба хабару овозаҳои беасос иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, ба ҳайси намояндагӣ аз роҳбарияти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Муҳаммади Эгамзод ба ҳамватанон ва донишҷӯёни дар Чин қарордошта муроҷиат намудааст, ки матни онро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем:
«Ҳамватанони азиз, донишҷӯёни гиромӣ!
Ба ҳайси намояндагӣ аз роҳбарияти Сафорат аз ҳамаи шумоён эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳсу мунозираи беасосро канор гузошта, дар якҷоягӣ, аз рӯи ақли солим ба вазъият баҳо диҳем.
Ҳукумати Чин, ки кишвари абарқудрат аст, вазъиятро пурра назорат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли ин масъаларо дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Чин дар тамоси доимӣ қарор дорад. Айни замон ба хабару овозаҳои беасос ва иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, дода нашуда, беҳтараш ба масъалаҳои зерин бояд аҳамият дод:
- Иҷрои бечунучарои талаботи мақомоти чинӣ дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ;
- Барқарор намудани алоқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин танҳо тавассути сомонаи расмии он, саҳифаи WeChat-и Сафорат, почтаи электронӣ ва рақамҳои телефони намояндагии дипломатӣ. Ҳангоми муроҷиат ному насаби пурра, шаҳри иқомат, номи пурраи Донишгоҳ ва рақами телефони нафари муроҷиаткунанда бояд зикр карда шавад;
- Мақсади мақомоти чинӣ аз пешгирии сафар ва гаштугузори аҳолӣ, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ роҳ надодан ба паҳншавии ин вирус аст. Дар ҳолати дар ҷойи худ қарор доштани аҳолӣ барҳам задани нуқтаҳои мавҷудияти вирус осонтар хоҳад шуд.
- Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳал хоҳад кард. Аммо, айни замон талаботи мақомоти чиниро бояд ҳамагӣ бечунучаро иҷро намоянд.
- Шаҳрвандони моро зарур аст, ки дар ҳолатҳои фавқулода бояд фавран ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони зерини Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат намоянд: Суҳроб Қодиров (+86 18511786686); Амриддин Носиров (+86 18514270747) ва Фаромӯз Муҳаммадиев (+86 13522787975).
Нишонии Сафорати Тоҷикистон дар Чин:
No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039;
e-mail: tajembbeijing@mfa.tj»
Едовар мешавем, ки 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония)-и номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин кишвар хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.
Бино ба иттилои ТАСС, ба ҳолати то 27 январ дар 29 музофот ва шаҳрҳои Чин зиёда аз 4 ҳазору 500 ҳодисаи тасдиқшудаи илтиҳоби шуш бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуда, то имрӯз аз ин вирус 106 нафар фавтидаанд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






