Нишасти матбуотӣ: Дар Кӯлоб 360 нафар соҳибкорро ҷарима бастанд

Январь 29, 2020 10:23

КӮЛОБ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои риоя накардани  қонунҳои амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат дар минтақаи Кӯлоб 360 нафар соҳибкори нуктаҳои савдо ба маблағи 62 ҳазору 930 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 101 ҷарима зиёд мебошад.

Ин матлаб дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Раёсати стандартизатсия, метрология,  сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб баён гардид.

Сардори раёсат Мирзохон  Гулмаҳмадзода аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи раёсат ба  хабарнигорон  маълумот дода, афзуд, ки дар ин давра  аз тарафи шуъбаи санҷиш  оид ба риояи  талаботи  регламентҳои  техникӣ  ва ҳуҷҷатҳои  меъёрии техникӣ  дар маҷмааи агросаноатӣ  барои риояи талаботи  қонунҳои амалкунанда дар 272 корхонаи истеҳсолӣ, корхонаю ташкилот  корҳои омафаҳмонӣ ба роҳ монда шуданд.

Инчунин дар ин давра  кормандони шуъбаи нозироти савдо  аз 445  нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ  намуна барои ташхис гирифта, барои фурӯши  503 адад  фурӯзонаки тафсон,  62 адад  лампаи каммасрафи симобдор, 405 адад  бозичаи кӯдакона ва 1030  адад дафтари ғайристандартӣ амрномаи манъи фурӯш дода, онҳоро аз муомилот гирифтанд.

Январь 29, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад