Ноболиғи 15-сола бо гумони дуздӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, сокини кӯчаи Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин ноболиғи дастгиршуда ба дуздии 70 000 сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 38-солаи сокини кӯчаи Ободкорони пойтахт муроҷиат намудааст. Номбурда дар аризааш зикр кардааст, ки 5 ноябри соли 2019 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 2 ҳазору 900 доллари амрикоӣ, 30 ҳазор сомонӣ, 70 ҳазор русӣ, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 2 адад шиносномаи миллӣ ва хориҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рўи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






