Ноболиғи 15-сола бо гумони дуздӣ дастгир гардид

Январь 29, 2020 13:55

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия  ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми яке аз  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, сокини кӯчаи Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир  гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ин ноболиғи дастгиршуда ба дуздии 70 000 сомонӣ  гумонбар дониста мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, ба  шуъбаи  Вазорати корҳои дохилии 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  марди 38-солаи сокини кӯчаи Ободкорони пойтахт муроҷиат намудааст. Номбурда дар аризааш зикр кардааст, ки  5  ноябри соли 2019  шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 2 ҳазору 900 доллари амрикоӣ, 30 ҳазор сомонӣ, 70 ҳазор русӣ, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 2 адад шиносномаи миллӣ ва хориҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рўи  ҳодисаи мазкур  корҳои тафтишотӣ  идома доранд.

Январь 29, 2020 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад