ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 23:00 –и 21 январ то соати 24:00-и 22 январи соли равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои мазкур — ин пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600 мм дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур мебошад.
Тибқи қарори дахлдор, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






