ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Январь 21, 2020 17:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 23:00 –и   21 январ  то соати 24:00-и  22 январи соли  равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз  интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови  ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои мазкур — ин  пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш  600 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600 мм дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Тибқи қарори дахлдор, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар давраи  иҷрои   корҳои  ба  нақша  гирифташуда  бо  истифода  аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Январь 21, 2020 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад