Олимон дурнамои бемории сироятии коронавирусро эълон карданд

Январь 28, 2020 11:36

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони амрикоӣ ва бритонӣ тадқиқоти коршиносонаи худро дар бораи хатари паҳншавии коронавируси нави  2019-nCoV аз Чин нашр карданд.

Муҳаққиқони Маркази тиббии информатика, ҳисоббарорӣ ва омори Донишгоҳи Ланкастер, Шӯрои Тадқиқоти Тиббии Донишгоҳи Глазго (Британияи Кабир) ва Пажӯҳишгоҳи Биология ва Патогенҳои нави Донишгоҳи Флорида (ИМА) арзёбии худро дар бораи хусусиятҳои эпидемиологии коронавируси нави 2019-nCoV нашр карданд, хабар медиҳад “Арменпресс” бо истинод ба «РИА Новости».

Ба гуфтаи олимон, басомади асосии репродуктивии сироят — шумораи миёнаи сироятҳои дуюмдараҷа — аз 3,6 то 4,0 мебошад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин нишондиҳандаро дар сатҳи 1.4-2.5 арзёбӣ кард. Шакле, ки муаллифон пешниҳод кардаанд, пешгӯӣ мекунад, ки то 21 январ дар Ухан 11 341 нафар бояд сироят ёбанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳоло сатҳи ташхиси беморӣ ҳамагӣ 5,1 дарсадро ташкил медиҳад. Агар чораҳои зидди паҳншавии беморӣ  мисли пештара боқӣ монанд, давоми 14 рӯз — то 4 феврали соли 2020 шумораи сироятёфтагон дар Ухан метавонад аз 190 ҳазор нафар зиёд шавад.

Авҷи асосии сироятёбӣ дар Шанхай, Пекин, Гуанчжоу, Чунтсин ва Ченду ба вуқӯъ хоҳад омад. Дар минтақаи хавф мамлакатҳое, ба монанди Таиланд, Япония, Тайван, Ҳонконг ва Кореяи Ҷанубӣ қарор доранд.

Январь 28, 2020 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд