Ояндаи наздик мулоқоти коршиносони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда вохӯрии коршиносони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон барои мукаммал намудани муқаррароти лоиҳаи «Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ» баргузор гардад. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 24 январ дар Душанбе зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Протоколи мазкур бо дарки зарурати идомаи тақвияти ҳамкории гумрукии дуҷониба, аз ҷумла, оид ба мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, назорати транзити гумрукии молу воситаҳои нақлиёти байни ҷонибҳо интиқолёбанда ва дар ин замина, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳо таҳия гардидааст.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Эрон ва тақвияту густариши ҳамкории мутақобилаи судманди гумрукиро баррасӣ намуданд.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






