Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин зимн президентҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.
Дар натиҷаи сӯҳбат ҷонибҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






