«Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз…». Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Январь 26, 2020 13:05

ДУШАНБЕ, 26.01.2020  /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.  

Мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз ин ҷашнгоҳ хабар медиҳад, ки фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он олоти кории кишоварзӣ, намоиши тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шудаанд.

Дар ҳамоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридин Саид, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идора, кумитаҳо ва сокинони мамлакат иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, ки «ҷашни Сада ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Сада дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расониданд».

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада сад рӯз қабл аз Наврӯз барпо гардида, мардум ин рӯзро бо фараҳу хурсандӣ истиқбол менамоянд. Гулхан афрӯхта, болои он меҷаҳанд. Ва ба ин васила гӯё бори гуноҳ, кина, ҳасаду дурӯғи худро сӯзонида, бо тани пок ба зиндагии нав ворид мегарданд. Бархе ба он ақидаанд, ки сад рӯз — ин 50 рӯз ва 50 шаб аст, ки дар якҷоягӣ садро ташкил менамоянд. Ва дар ин рӯз мардум дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш бароварда, базму тараб доир мекунанд, гулхан афрӯхта, гирди он суруд мехонанду мерақсанд. Хуллас, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ эҳё шудааст.

Ҳамчунин дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намуд.

Тавре дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».

Зикр шуд, ки Ҷашни сада яке аз бузургтарин суннатҳои волои мардумони ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ ва рӯзгори қадимаи ин мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки Сада вожаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва Авесто вожаи “сат” ба маънии “сад”, яъне адади “сад” корбаст шудааст. Маъхазҳои адабии таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит месозанд, ки ҷашни Сада дар даврони ибтидоии ҷамъияти инсонӣ дар байни қавму қабоили мардумони эронитабор, ки ба корҳои зироатдорӣ барвақт шуғл варзидаанд, пайдо шудааст. Аз рӯйи иттилои гоҳшуморон, ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд.

Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузурге баргузор мегардидааст. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар ёрдам мекардаанд ва ба ҳамин тартиб, ҷашни Сада ба таври қадимии худ барпо мегардид.

Мавриди зикр аст, ки Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон,  ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда,  бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Баъди  ҷашни Меҳргон ва ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ бо гузаштани 90-100 рӯз боз  барои корҳои нави кишоварзӣ камар мебанданд. Аз ин рӯ бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи  гузаштани фасли зимистон мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ,  матонати дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ҳидоят менамоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

Сипас аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Инчунин аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик-агролизинг»  «Беҳтарин ихтироъкор», «Беҳтарин ниҳолпарвар» ва «Беҳтарин хоҷагии деҳқонӣ» бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат (26 декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».

Дар идомаи ин суханронӣ Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки бархе аз мероси воқеан миллию башардӯстонаи мо ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидаанд ва баъзе дар оянда бояд ворид гарданд, ки дар байни онҳо ҷашни Сада низ ҳаст: «Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд».

Акнун замоне расидааст, ки ҳар санади зарурии илмиро, ки барои бештар шинос намудани ҷашни Сада арзишманд аст, олимон бояд пажӯҳиш намоянд. Ба гуфти Пешвои миллат, зиёинро зарур аст, ки барои ҳифзи мероси чандҳазорсолаи башардӯстонаи худ кӯшиш дошта бошанд. Ба ин васила ин гуфтаи Президенти мамлакатро, ки дар Паём омадааст, бояд сармашқи кори худ қарор диҳанд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро ба сӯи Наврӯз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва дилнишин мегӯяд:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз

Январь 26, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент