Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳалокати як сокини ноҳияи Ёвон
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳуриро мушкил кардааст. 6 январ як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда сарозер шуда, мусофири 33-солаи он ба ҳалокат расид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мошини ба садама дучоршуда ғайр аз ронанда боз сокини 33-солаи ноҳияи Ёвон менишаст. Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи «Шакман», сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе ҳаракат мекард, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номувофиқ ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, бо як такон дар канори роҳ якбора сарозер шудааст.
Баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карда, ронандаву ҳамроҳи ӯро берун овардаанд.
Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои сахт дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шуд.
Садамаи нақлиётии маргбор дар ҳолест, ки Раёсати бехатарии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз тамоми шаҳрвандон даъват доранд, ки бинобар вазъи номусоиди боду ҳаво ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанд.








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






