САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН: дар Вухан 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд

Январь 27, 2020 18:35

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар  доданд. 

Тибқи охирин маълумоте, ки Сафорат имрӯз, 27 январ (соати 19.30 ба вақти Пекин), дастрас намудааст, айни замон 48 нафар шаҳрвандони мо дар музофоти болозикр қарор доранд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии музофоти Хубэй мебошанд, ки бо Сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки миёни беморони коронавируси шакли нав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Ҳукумати Чин барои пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми чораҳоро дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии марбутаи Чин дар тамоси доимӣ буда, ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази пайдоиш ва паҳншавии беморӣ қарор доранд, дар доираи имкониятҳо мадад расонида истодааст.

ДАР АКС: бинои Сафорати Тоҷикистон дар Пекин. Акс аз бойгонӣ

Январь 27, 2020 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон