Шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии Бадахшон то соли 2025 бунёду навсозӣ мешаванд

Январь 21, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи татбиқи  «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» аз соли 2020 сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон, ки маблағи 226,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, оғоз мегардад. Дар ин бора аз бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин сохтмон 93 км роҳ, 15 адад пул, 2 адад нақб ва 5 адад долони зиддитармавиро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин тибқи барномаи мазкур таҷдиди роҳҳои Лаби Ҷар-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Рӯшон, Рӯшон-Хоруғ, Сурхсангов-аз километри 456 то маркази ноҳияи Ванҷ ва роҳи осоишгоҳи Гармчашма то охири соли 2020 ба нақша гирифта шуда, бо дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ амалӣ мегарданд.

То соли 2025 тибқи барномаи мазкур таҷдиди роҳҳои Хоруғ-Туқузбулоқ ба масофаи 185 км ба маблағи 31,8 миллион долари ИМА, роҳи мошингарди Музкул-Мурғоб ба масофаи 126 км ба маблағи 30,3 миллион долари ИМА, роҳи мошингарди Мурғоб-ағбаи Қулма ба масофаи 90 км ба маблағи 21,624 миллион долари ИМА, роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ба масофаи 105,0 км ба маблағи 26,2 миллион долари ИМА, роҳи мошингарди Ишкошим-Тузкул ба масофаи 210,5 км ба маблағи 52,8 миллион долари ИМА, роҳи мошингарди Қалъаихумб-Дашти Луч ба масофаи 6,9 км ба маблағи 779,6 ҳазор долари ИМА, роҳи мошингард аз километри 609 то деҳаи Поршенев ба масофаи 4,6 км ба маблағи 533,0 ҳазор долари ИМА ва роҳи мошингарди Хоруғ-Туқузбулоқ ба масофаи 157 км ба маблағи 37,1 миллион долари ИМА ва таҷдиди 91 пул ба дарозии 7230 метр ба маблағи 1915,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, 16 адад пул ба дарозии 167 метр ба маблағи 319,2 ҳазор доллари ИМА дар роҳи мошингарди Мурғоб-ағбаи Қизил-Арт ва 63 адад пул ба дарозии 536 метр ба маблағи 861,8 ҳазор доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, барои дарёфти маблағгузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Айни замон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2728, 35 км роҳҳои мошингард мавҷуданд, ки аз онҳо 1276,3 км роҳҳои байналмилалӣ, 383,5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1068,55 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллиянд.

Дар ин роҳҳо 281 адад пули мошингузар, аз ҷумла 186 адад аз оҳану бетон ва 95 адад оҳанин мавҷуданд.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ як зумра корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд. Яке аз иншооти муҳиме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас дорад ва вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Қалъаихумб — Хоруғ – Мурғоб-Қулма мебошад.

Инчунин таҷдиди роҳи Кӯлоб – Қалъаихумб тибқи ҷадвали рақами 5-и ин барнома аз соли 2004 оғоз гардида, то охири соли 2017  134,7 км роҳ бо маблағгузории 174,8 млн. доллари ИМА аз нав таҷдид гардидаанд, ки аз он роҳи мошингарди қитъаи Шикев-Зиғар ба масофаи 38 км ба маблағи 31,8 млн. доллари ИМА, роҳи Шоҳон-Зиғар марҳилаи 1, 2, 3 ба масофаи 22,7 км ба маблағи 50,4 млн. доллари ИМА, роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон, ки қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма мебошад, ба масофаи 40 км таҷдид ва асфалтпӯш гардид. Хароҷоташ маблағи 92,7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, соли 2017 ба истифода дода шуд.

Мутобиқи ҷадвали рақами 6-и Барномаи таҷдиди пулҳо дар доираи лоиҳаи таҷдиди пулҳои роҳи Шикев-Зиғар 10 адад, Шоҳон – Зиғар 1, 2, 3 — 9 адад ба итмом расонида шуда, таҷдиди 9 адад пул дар доираи лоиҳаи Кӯлоб – Қалъаихумб, қисмати роҳи Шӯрообод- Шоҳон ба анҷом расонида шуд.

Берун аз Барнома соли 2015 сохтмони пули мошингард дар км-и 456 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ –Қулма, мавзеи Сурхсангов бо дарозии 140 метр ба маблағи 22,0 млн. сомонӣ ва дар соли 2018 сохтмони 1 адад пул дар 638 км мавзеи Барсем ба маблағи 1034, 3 ҳазор сомонӣ сохтмон оғоз гардид ва сохтмони пули мошингузар дар км-и 42-юми роҳи мошингарди Хоруғ — Роштқалъа — Туқузбулоқ бо маблағгузории 6,2 млн. сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Соли 2019 корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар доираи барномаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот» ҷиҳати таъмини устувори зидди хатарҳои офатҳои табиӣ дар қаламрави вилоят сохтмони 18 адад пул ба маблағи 20,0 млн доллар ИМА оғоз гардиданд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ванҷ 8 адад пул ба масофаи 226 метр, Рӯшон 4 адад пули мошингузар ба масофаи 200 метр, Мурғоб 4 адад пули мошингузар ба масофаи 102 метр ва Дарвоз 2 адад пул ба масофаи 41 метр амалӣ мегарданд.

Инчунин соли 2019 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми таҷдиди роҳи Қалъаихумб-Ванҷ дар мавзеи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи 26 км оғоз гардида, баъди ба анҷом расонидани он марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи Қалъаихумб-Ванҷ оғоз мегардад.

ДАР АКС: роҳи автомобилгарди Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон. Аксҳо аз бойгонӣ

 

Январь 21, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд