Сокини 20-солаи ноҳияи Рашт зери тарма монда, ҳангоми интиқол ба бемористон фавтид
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ сокини 20- солаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт зери тарма монда, пас аз баровардан аз зери тӯдаи барф дар роҳ ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки аз сафару саёҳат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, эҳтиёткор бошанд. Инчунин дар рӯзҳои ҳавои номусоид аз сафар кардан ба ноҳияҳои дурдаст, анҷоми ҳар гуна корҳои саҳроӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Зеро хатари фаромадани тарма ҳанӯз мавҷуд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои аз 62 то 74-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати «Innovative Road Solutions» 3 корманди ширкати IRS-ро аз зери барф бе осеб наҷот доданд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






