Солеҳа Холмаҳмадзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

Январь 11, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳриТурсунзода яке аз муовинони Раиси шаҳри Турсунзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаиТурсунзода №5 пешбарӣ гардид.

Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Турсунзода №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори он аз 270 вакил 265 нафар иштирок доштанд. Тибқи қарори конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Турсунзода №5 муовини Раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода пешбарӣ гардид.

Солеҳа Холмаҳмадзода 27 июли соли 1976 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси  муҳандис-технолог-механик ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси  ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Номбурда фаъолияти меҳнатиро аз раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз карда, дар ҳайати мушовараи Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомӯз, аъзои ҳайат, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонӣ, мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ ва адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ – таҳқиқотии технологии «МИСиС» ифои вазифа намудааст.

Аз июни соли 2015 инҷониб ҳамчун муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.

Соли 2019 Солеҳа Холмаҳмадзода бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Январь 11, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид