«Сомон Эйр»: хабаре, ки дар www.ittiloot.com нашр шудааст, асос надорад
ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба иттилооте, ки имрӯз дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зимни парвоз аз самти Чин ба Тоҷикистон пайдо шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ изҳор менамояд, ки маълумоти мазкур асос надорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш намуданд, ки бо роҳбарияти нашрия ба алоқа бароянд, аммо дар сомона рақам ва суроғае, ки нашрия метавонад ҷойгир бошад, зикр нагардидааст. Тавассути почтаи электронӣ ба нашрия мактуб ирсол гардида, талаб карда шуд, ки иттилооти бардурӯғ фавран аз сомона гирифта шавад. Аммо кӯшишҳои мазкур низ бе натиҷа монданд. Бинобар ин ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст тавассути дигар воситаҳои ахбори омма раддия дода, ҳамзамон аз мусофирон хоҳиш мекунад ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳаноки дар хориҷа фаъолиятдошта, ки муассисонаш маълум нестанд, нашр мешаванд, бовар накунанд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






