Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва омодагию солимгардонӣ барои соли 2020 тасдиқ гардид

Январь 14, 2020 11:17

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи  тақвими мазкур чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи маҳал, ноҳия, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ доир гардида,  он барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бино ба  иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ аз се фасл иборат буда, дар фасли аввал чорабиниҳои оммавию варзишӣ аз рӯи намудҳои миллӣ баргузор мегарданд. Он аз 5 зербанд: намудҳои миллӣ, олимпӣ, ғайриолимпӣ, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯён ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иборат мебошад.

Фасли дуввум чорабиниҳои омадагӣ – солимгадониро дар бар гирифта, маҷмӯи чорабиниҳои ба нақшагирифтаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар соли 2020 нишон медиҳад.

Инчунин фасли сеюми тақвим дар бораи иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалиро нишон медиҳад. Тақвими мазкур барои омодагии мураббиёну варзишгарон роҳнамо буда, варзишгарон метавонанд пеш аз муҳлат дар бораи чорабиниҳои баргузоршаванда маълумот дошта бошанд.

Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва омодагию солимгардонӣ намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, гӯштини камарбандӣ, дастхобонӣ (Армрестлинг), футбол, волейбол, волейболи соҳилӣ, баскетбол, тӯби дастӣ, бокс, варзиши сабук, гӯштини юнонӣ – румӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, таэквон-до (ВТФ), каратэ-до, шухпаймоӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ, гимнастика ва акробатикаи варзишӣ, бадминтон, вазнабардорӣ, қаиқронӣ, теннис, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, лижаронӣ, шамшербозӣ, таэквон-до (ИТФ), самбо, кикбоксинг, ВАКО, шоҳмот, шашка, ушу, сайёҳии кӯҳӣ, варзиши наҷотдиҳандагон, варзиши оташнишонӣ, ҷиу-ҷитсу, каратэ – кёкушинкай, муай иай, каратэ-до годзюру, шотакан скиф, кудо ва К – 1, пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнес, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастиро дар бар мегирад.

Январь 14, 2020 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад