ТУТ рӯйхати вазифаҳои аввалиндараҷаро барои даҳсолаи наздик пешниҳод намуд

Январь 15, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳифзи аҳолиро аз ғизои носолим ба қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи башарият шомил намуд, хабар медиҳад АМИТ « Ховар»  бо истинод ба ТАСС.

Рӯйхати «Таҳдидҳои фаврӣ барои даҳсолаи наздик» ҳамагӣ 13 мушкилоти мубрамро, ки ҳалталабанд, фаро мегирад. Онҳо аз  коҳиш додани хатари саломатӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, дастрас будани  маводи доруворӣ ба беморон, сармоягузорӣ ҷиҳати омода намудани  кормандони тиб ва расонидани ёрии тиббӣ ба минтақаҳои ноамн иборатанд.

Ба таҳқиқи ин созмон, сеяк ҳиссаи бемориҳо марбут ба норасоии ғизо, истеъмоли ғизои носолим ва тарзи нодурусти истеъмоли ғизо мебошанд.

Дар бораи мубориза бо хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ТУТ чунин таъкид мекунад: «Буҳрони иқлим ин буҳрони саломатист. Ифлосшавии ҳаво ҳамасола тақрибан 7 миллион одамро  ҳалок месозад».

ТУТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват  менамояд, ки ба паҳншавии бемориҳои марговар (эпидемия), аз ҷумла ВИЧ-СПИД,  сил ва вараҷа хотима дода шавад. Тибқи  пешгӯии  коршиносон, дар соли 2020 тақрибан  140 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ мефавтанд.

Январь 15, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд