Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кӯдакони аз Ироқ овардашуда хуб аст
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи будубоши он кӯдаконе, ки бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакатҳои ҷангзада, махсусан Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуданд, хуб буда, бо омӯзгорон ва равоншиносон таъмин ва зери назорати пайвастаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор доранд. Ҳатто муроҷиат оид ба мулоқоти кӯдакон бо хешовандонашон ворид шуд ва онҳо бо бобою бибияшон дидор намуда тавонистанд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Аҳад Содиқов дар ҷамъи намояндагони ВАО баён намуд.
Ҳамчунин зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зикр намуд, ки ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон идома дода шуд. Соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо шомил гардид.
Мавриди зикр аст, ки соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3249 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 587 ададаш хаттӣ ва 2662 адади дигараш муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.
Дар идома аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба дигар паҳлуҳои мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти ин ниҳод саволу ҷавоб сурат гирифт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






