Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода: «Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ асосан аз афзоиши маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид»

Январь 30, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ соли 2019 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ — 7,1 фоиз, гардиши бор — 15,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ — 9,0 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ — 2,9 фоиз таъмин гардид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд.

«Соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 77,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Афзоиши ҳиссаи саноат дар низоми ММД ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ–саноатикунонии Тоҷикистон вобастагӣ дорад»,- илова намуд Завқӣ Завқизода.

Вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардид.

Инчунин дар нишаст таъкид карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз, аз ҷумла ҳаҷми содирот 9,4 ва воридот 6,3 фоиз фоиз афзоиш ёфтааст. Сатҳи таваррум дар ин давра 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин аз ҳисоби 10,9 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 4,2 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 5,5 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ ҷумҳурӣ ҳамагӣ 75 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо ба МОИ «Суғд» — 29, «Данғара» — 25, «Панҷ» — 16 ва «Ишкошим» — 5 рост меоянд. Соли 2019 маҳсулоти саноатӣ дар ин минтақаҳо ба маблағи 200,83 млн. сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ соли 2019 дар МОИ ба 146,3 млн. сомонӣ баробар гардид.

Соли 2019 аз ҷониби маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат 12 субъекти нав ба қайд гирифта шуда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

 

Январь 30, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд