Вазорати кишоварзӣ: То имрӯз 79 тонна сабзавоти тару тоза ба бозор пешниҳод гардидааст

Январь 31, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2020./АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҷумҳурӣ гармхонаҳои доимоамалкунанда дар 112,5 гектар фаъолият намуда истодаанд. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз кишоварзони мамлакат 79 тонна сабзавоти тару тоза ҷамъоварӣ намуда, ба бозор пешниҳод намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол майдони умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол дар мамлакат дар майдони 45,81 гектар помидор,  14,50 гектар бодиринг ва 20,98 гектар дигар намуди сабзавот кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14,35 гектар зиёд мебошад.

Кишоварзон  майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд. То 17 январ аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 52,5 тонна помидор, 17,4 тонна бодиринг ва 9,1 тонна ҳосили дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ гардида, бозорҳои ҷумҳурӣ бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин гардида истодаанд.

Соли 2020 кишоварзон ният доранд, ки минтақаҳои дурдасти мамлакатро низ дар ҳама фасли сол бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд. Зеро сабзавоти тару тоза манбаи асосии витаминҳо ба шумор мераванд.

Январь 31, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»