«Washington Post»: Эрон огоҳона зарба зад, то ба ИМА камтар зарар бирасад

Январь 9, 2020 14:11

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Эрон зарбаҳои мушакиро санҷидаю огоҳона  ба иншооти ИМА дар Ироқ равона сохт, то шумораи ками неруҳои амрикоӣ зарар бинанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзномаи “The Washington Post”  бо истинод ба намояндаи баландпояи маъмурияти ИМА хабар додааст.  

«Ин  ба эрониён  имкон дод, ки обрӯи худро нигоҳ доранд  ва ҳамчунин барои  ду ҷониб эҳтимолияти аз  чанги ҷанг  раҳо шуданро фароҳам овард», — гуфт  мансабдор.  «Мақомоти ИМА аллакай   рӯзи сешанбе (7 январ) номгӯи  иншоотеро, ки Эрон  нияти  ба онҳо зарба задан дошт,  медонистанд, вале аниқ маълум набуд, ки кадом иншоот мушаххас ҳадаф қарор мегирад».  Маълумоти дахлдорро артиши ИМА  аз  мақомоти Ироқ  чанд соат  қабл  аз ҳуҷум  ба даст овард» , — тасдиқ   намудааст рӯзнома.

Қаблан шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба манбаи дипломатӣ гуфтааст, ки Ироқ қаблан ИМА-ро аз ҳамла ба пойгоҳҳояшон огоҳ намуд, зеро маълумоти дахлдорро аз Эрон гирифта буд.

Январь 9, 2020 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд