46 нафар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, соати 06:00, 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд, тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба Ватан баргаштанд, дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
«Бояд гуфт, ки ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад»,- мегӯяд номбурда.
Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргашта 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.
Айни замон беш аз 900 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридгардида дар беморхонаҳои сироятии мамлакат таҳти назорати табибон қарор доранд. Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди сабаби тавассути ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба Ватан барнагаштани 8 нафар донишҷӯи тоҷик ҷавоб дод, ки ин масъала ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат марбут аст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабабҳои он мавриди баррасӣ қарор дошта, баъдан маълумот пешниҳод мешавад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






