5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Ин шаҳри бостонӣ ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорўд мебошад

Февраль 10, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябри соли 2020  5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад.

Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши  АИ ҶТ, доктори илми таърих, профессор Насрулло УБАЙДУЛЛО ҳамсуҳбат гардид.  

Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷамоаи инсонӣ шомил мебошад, — изҳори назар намуд профессор Насрулло Убайдулло. —  Ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон, ки теъдодашон на кам аз се ҳазор ададро ташкил медиҳад ва қадимтарини он осори давраи  палеолити поёни Кӯлдараи Ховалинг аст, аз ин шаҳодат медиҳанд.

Омӯзиши мунтазам ва пайвастаи археологии Осиёи Миёна ва ҳамзамон ҳудуди Тоҷикистон, ки ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри бист оғоз ёфта буд, дар баробари Кӯлдара осори зиёди тамаддуни қадимтарин ва қадими ҷомеаи инсониро дар ин минтақа ошкор сохт ва имрӯз Осиёи Миёна яке аз ҳавзаҳои омӯхташудатарини илми бостоншиносӣ маҳсуб мешавад.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ, пеш аз ҳама, шаҳодат аз он медиҳанд, ки Осиёи Миёна ҳамаи марҳалаҳои технологии рушди ҷамоаи қадимтарин — асри санг, мису биринҷӣ ва оҳанро тай намудааст. Яке аз марҳалаҳои муҳимтарини рушди ҷамоаи ибтидоиро мутахассисон асри биринҷӣ номгузорӣ намудаанд. Зеро маҳз дар ҳамин давра чӣ дар рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва чӣ дар сохти иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ меояд. Ба тасвири академик Б. Ғафуров, маҳз дар ҳамин давра истихроҷ ва гудозиши маъдан, сохтани олоти фулузӣ, обёрии сунъӣ,  гузариши пурра ба хоҷагии истеҳсолкунанда, бунёди масканҳои бузурги истиқоматӣ ба мисли нахустшаҳрҳо ба вуқӯъ меоянд.

Ибтидои асри биринҷиро энеолит- асри сангу мис меноманд ва ин давра тақрибан ҳудуди ҳазораҳои IV-III пеш аз мелодро фаро гирифта, дар баъзе  минтақаҳо то ҳазораи  II пеш аз мелод идома ёфтааст. Асри биринҷӣ бошад, тибқи маводи бостоншиносӣ аз охири ҳазораи III пеш аз милод ибтидо гирифта, то асрҳои IX-VIII пеш аз милод давом ёфтааст. Осори давраи энеолит ва асри биринҷӣ бо теъдоди зиёд аз бисёр манотиқи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, аз ҳудуди ҷумҳуриҳои имрўзаиТоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон дарёфт шудаанд.

Ба ақидаи академик Н.Неъматов, дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ ташаккулёбии ду шакли комили хоҷагию фарҳангии Осиёи Марказӣ – шакли хоҷагидории муқимӣ-кишоварзӣ ва чорводорӣ- саҳроӣ (кўчӣ) анҷом мепазирад ва дар ҳамин давра раванди ниҳоят муҳими таърихӣ- ташаккули истеҳсолоти махсусгардида ба шохаҳои гуногун, ба вижа кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ (кулолгарӣ, маъдангудозӣ ва ғ.) ибтидо мегирад.

Ҳамзамон пас аз инқилоби неолитӣ ва таҳаввулоти ҷиддии дар аҳди энеолит ва асри биринҷӣ ба вуқӯъ омада, муносибати ҷамоаи инсонӣ ба муҳити атроф, табиат, пеш аз ҳама,  мавриди истифода қарор додани муҳити экологии барои зиндагии муқимӣ мувоффиқ ба куллӣ тағйир ёфт. Таҳаввулоти мазкур ибтидои ташаккули минтақаҳои таърихӣ-фарҳангӣ, марказҳои калони аҳолинишин (нахустшаҳрҳо) ва равандҳои созандаи этнос гардид.

Омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна ҳанӯз  солҳои 80-уми асри XIX ибтидо гирифта  бошад ҳам, пажӯҳиши  пайвастаи он солҳои 50-уми асри XX  аз тарафи бостоншиносони шӯравӣ ба роҳ монда шуд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза низ омӯзиши мунтазами илмии ёдгориҳои асри биринҷӣ, новобаста аз бозёфтҳои тасодуфӣ миёнаҳои солҳои 50-уми асри XX шурӯъ гардид. Аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ таҳти роҳбарии бостоншиноси шинохта Б.А. Литвинский солҳои 1955-1956  дар ҳудуди Қайроққум ва солҳои 1955-1959 бо сарварии А. М. Манделштам дар водии Бешкент гузаронида шуданд.

Баъдан осори асри биринҷӣ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар маҳалҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помир дарёфт шуданд. Соли 1977 калонтарин ва қадимтарин осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бо сарварии Абдуллоҷон Исҳоқов аз Саразми Панҷакат дарёфт гардид. Саразм дар водии Зарафшон 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакат ҷойгир буда, аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи шакли мадании муқимии кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Тамаддуни Саразм наздики 1500 сол идома ёфта, марҳалаи рушд ва нумўи он ба давраи охири энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ ҳазораи IV-III пеш аз милод рост меояд.

Солҳои охири мавҷудияти ҷамоаи шўравӣ, махсусан дар давраи истиқлолият осори дигари асри биринҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба мисли Кангурттут, Баракикурук, Тегузак, Даҳана, инчунин ёдгориҳои миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва ахиран Фархор кашф шуданд, ки имрўз мавриди пажўҳиши мутахассисони дохилию хориҷӣ қарор доранд.

Умуман дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассуми таърихи  тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, ниҳоят зиёданд. Баробари табиати зебову иқлими муътадил, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои нодири бостонӣ, анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ Тоҷикистонро ба сифати як мамлакати сайёҳии ҷаҳони имрўза муаррифӣ менамоянд.

Дар вохўрӣ бо намояндагони зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба омўзиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ намуда, таъкид намуданд, ки  «таърих ойинаи ҳар халқу миллат мебошад. Мо бояд  ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Таҳқиқи пайваставу мунтазами мероси таърихӣ ва тарғиби суннатҳои мардумиро Пешвои миллат «вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар» эълон намуданд.

Дар суханронии хеш баробар ба дигар ёдгориҳои таърихӣ Пешвои миллат аз мақом ва арзиши шаҳри бостонии Саразм изҳори назар намуда, иброз доштанд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

Воқеан, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорўд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад. Ин хулосаи илмӣ дар заминаи таҳқиқоти тўлонии олимони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ иброз гардид ва вобаста ба таърих ва пажӯҳиши Саразм силсилаи асарҳову мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанию хориҷӣ бо забонҳои гуногун ба чоп расид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии шаҳраки Саразми бостониро ба инобат гирифта, соли 2000  шаҳри Саразмро ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи таърихӣ–бостоншиносӣ” эълон намуд.

Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз тамоми гўшаву канори дунё қарор гирифтааст. Мояи ифтихор аст, ки  шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А.Исҳоқӣ масоҳати онро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолиашро то 8000 муайян намудааст. Имрўз 37,34 гектари он  боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500 — солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2 майи соли 2019 қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳои ҷашнро тасдиқ кард.

Дар заминаи он “Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” низ мураттаб гардид.

Кашфи Саразм ва омўзиши он бо номи бостоншиноси шинохта ва ҷўяндаи асрори куҳан Абдуллоҷон Исоқов пайваст аст. Тибқи навиштаи ин кашшофи осори аҳди бостон, 13 сентябри соли 1976 бо хабари сокини деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакат Ашўралӣ Тайлонов доир ба бозёфти табари биринҷӣ қадимтарин шаҳраки суғдиён — Саразм кашф гардид. А. Исоқов, ки то ин вақт ҳамчун бостоншиноси шинохта ном бароварда буду муаллифи чандин кашфиёти ба ибораи худаш «оламшумул», ба мисли «алифбои суғдиён, бўстонсаройи ҳокимони Панҷакати қадим, кўшку дижҳои заминдорон ва баъдан ёдгориҳои деҳаҳои Зебон, Қўштеппа, Шўрча, Филмандар, Косатарош, Бедак, Хумгарон, Равот, Роҷ, Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакат» маҳсуб меёфт, бо дидани мавзеи Саразм ва мушаххас сохтани масоҳати он эҳсос намуд, ки ниҳоят толеъ мадад кард ва ў «ёдгориеро, ки сарчашмаи тамаддуни суғдиёну тоҷикон аст», пайдо намуд.

Ташхисҳои аввалин нишон доданд, ки масоҳати ёдгории Саразм на кам аз 100 гектар аст, вале мутаассифона, аз асри VI мелодӣ сар карда, дар ҳудуди он деҳаҳои нав, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд. Имрўз дар ҳудуди ёдгорӣ деҳаҳои Раҷабалӣ, Авазалӣ, Ғурач ва Соҳибназар ҷойгиранд, ки боиси аз байн рафтани зиёда аз 40 гектар масоҳати ёдгорӣ гардидаанд. Тахминан ҳудуди 35 гектари берун аз маҳали зист мондаи ёдгорӣ, ки он низ ба сифати чарогоҳ ё замини кишти лалмӣ истифода мешуд, камтар осеб дидааст. Вале шудгори замини кишт бо ҷуфти гов ва баъдан трактор сабаби пурра аз байн рафтани қабати болоии  мадании ёдгорӣ гардидааст.

Таҳқиқоти нахустини бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм тирамоҳи соли 1976 бо роҳбарии А. Исоқов оғоз гардид ва аллакай соли 1977 натиҷаҳои аввалини ба даст омада, ки аз таърихи хеле қадимаи ёдгорӣ шаҳодат медоданд, таваҷҷуҳи олимони шинохтаи шўравӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Давоми чаҳор сол (1977-1980) бостоншиносони зиёди шинохтаи шўравию хориҷӣ, аз ҷумла А. М. Беленитский, В.М. Массон, Б.А. Литвинский, Р.М. Мунчаев, А.А. Аскаров, Н.Н. Неъматов, Филипп Колл ва К.К. Ламберг-Карловский аз ИМА, Анри Пол Франкфорт ва Бертил Леоне аз Франсия ва дигарон аз ин ёдгории бостонӣ дидан намуданд. Аз ин пас Саразм ба яке аз марказҳои бонуфузи ҳафриётӣ ва пажӯҳиши бостоншиносони шинохтаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Воқеан тибқи таҳқиқоти муҳаққиқони соҳа кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назаррастарини илми бостоншиносии тоҷик дар охири садаи гузашта буд.

Омўзиш ва таҳқиқи Саразм ҳамчун ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷии Варорўд аз соли 1977 то имрўз идома дорад, ки дар пажўҳиши он олимону муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ нақши бориз гузоштаанд. Бостоншиносони тоҷик Абдуллоҷон Исоқов (роҳбар), Усмонҷон Эшонқулов, Нозукой Исҳоқӣ, Раҳматҷон Тоҳиров, Абдурауф Раззоқов, Шарофиддин Қурбонов, Саидмурод Бобомуллоев, Ҷамшеди Абдулло дар таҳқиқу омўзиши ин ёдгорӣ нақши муассир гузошта, чанде аз онҳо имрўз низ мўшикофона корҳои ҳафриётиро дар ин мавзеъ идома медиҳанд. Аз соли 1984 ба таҳқиқи Саразм марказҳои илмӣ ва бостоншиносони хориҷӣ пайваст шуданд. Нахуст бостоншиносони фаронсавӣ Анри Пол Франкфорт ва Ролан Безенвал ва як сол пас (1985) муҳаққиқони амрикоӣ Филипп Колл ва К.К. Ламберг-Карловский ба ковишҳои ҳафриётӣ дар Саразм шурӯъ намуданд. Мутахассисон дар пажуҳиши ин шаҳри бостонӣ асосан се марҳалаи асосиро ҷудо менамоянд: марҳалаи аввал асосан бо фаъолият ва таълифоти кашшофи Саразм А. Исоқов алоқаманд буда, солҳои 1977-1983-ро дар бар мегирад. Ин марҳалаи ба гардиши илмӣ баровардани нахустин маълумот ва натиҷаи аввалин ҳафриёти Саразм ҳамчун маркази нави осори энеолит ва асри биринҷӣ дар Варорўд мебошад.

Маҳз дар ҳамин марҳала масъалаҳои асосии мубрами таърих ва фарҳангии ин ёдгории бостонӣ, фарҳанги моддӣ, бахусус  хусусиятҳои маҷмааҳои сохтмонӣ, даврабандии рушди фарҳанги саразмиён, робитаи ин ёдгорӣ бо осори бозёфтшудаи асри биринҷии манотиқи дигар, робитаи саразмиён бо қавму қабоили ҳамзамони худ мушаххас гардиданд. А. Исоқов дар заминаи таҳқиқоти хеш қабатҳои асосии ёдгорӣ ва санаи аниқи таърихи онҳоро тибқи усули ҳисоби  радиокарбонӣ мушаххас намуда, чор давраи мадании Саразми бостониро муайян намуд. Тибқи ин мушаххасот давраи Саразм I солҳои 3500-3200, Саразм II- 3200-2900, Саразм III- 2900-2700 ва Саразм IV-2700-2000-и то милодро дар бар мегиранд.

Марҳалаи дуюми омўзиши Саразми бостонӣ солҳои 1984- 1997-ро  фаро мегирад, ки  муҳаққиқон онро давраи омўзиши комплексии ёдгорӣ меҳисобанд. Аз соли 1984 ба таҳкиқи ёдгорӣ  Эъзомияи муштараки шўравию фаронсавӣ зери роҳбарии А.Исоқов ва бостоншиноси шинохтаи фаронсавӣ Р. Безенвал шурӯъ намуд. Таҳқиқоти муштараки олимони шўравию фаронсавӣ ва аз соли 1985 олимони амрикоӣ имконият фароҳам овард, ки таърихи рушди фарҳанги Саразм дар маҷмӯъ ва бо  назардошти ҳама паҳлуҳои он  мавриди пажӯҳиш қарор гирад.

Марҳалаи сеюми таҳқиқи Саразм аз соли 1997 ибтидо гирифта бошад ҳам, вале омўзиши мунтазам ва натиҷаовари ёдгорӣ ба солҳои 2000 -2019 рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра  фаъолияти экспедитсияи муштараки бостоншиносии тоҷику фаронсавӣ аз нав хусусияти мунтазам мегирад. Бостоншиносон ва муҳаққиқони самтҳои гуногун аз хориҷи кишвар ва пажӯҳишгарони ватанӣ дар омўзишу таҳқиқи Саразм нақши муассир доранд. Соли 2019 баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи корҳои бостоншиншиносӣ донишҷўёни макотиби олии мамлакат, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДМТ, ДОТ дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи омўзгории Панҷакент фаъолона ширкат намуданд.

Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ воқеан барои таҳқиқ ва омўзиши ин ёдгории нодир давраи комилан навро ибтидо гузошт. Пеш аз ҳама ковишҳои бостоншиносӣ ва омодасозии ҳафриёт ба ҷашн бо суръати дучанд вусъат пайдо намуданд. Барои идомаи ковишҳо бостоншиносони шинохта ватанию хориҷӣ ҷалб гардиданд. Дар давоми соли 2019  аз ин ёдгории бостонӣ олимони шинохта, пеш аз ҳама, бостоншиносон Д. Стейнгер ва К. Юнгер (Олмон), Д.А. Воякин, А. Степанова, К.Ямаучи,Искандер А. (МИЦАИ), А.А. Тишкин, Н.Н.  Серёгин (Барнаул, Россия), П.Луре,И.Д. Ткаченко, А.Г. Акулов, Е.Н. Буклаева, М.Б. Жервэ, Д. О. Жулина, Н.В. Семёнов, П.С. Любимова, А.С. Аксешин, В.А. Паршута, Е.Степанова (аъзои Экспедитсияи муштараки бостоншиносии Панҷакенти Эрмитажи давлатии Федератсияи Россия), Ю.Г. Кутимов, М. Никитина, Э. Люнё (ҳайати Экспедитсияи муштараки байналмилалӣ), Лян Ян (Чин ), Р. Курбанов,Н.А.Дубова (Москва),А.И. Кривошапкин, Е.А. Колобова, С.Е. Шнайдер (Институт археологии АИ ФР), Р.Э Назарян, Р.Каюмов (Ўзбекистон), В.В.Радилиловский (Қирғизистон) ва М. Шенкар (Исроил) дидан намуда, ба корҳои ҳафриётӣ ва бозёфтҳои Саразм аз наздик ошно  шуданд ва бархе аз онҳо дар ҳафриёт ширкат карда, хулосаву назари худро иброз доштанд.

Аз ҷумла, 11-13 сентябри соли 2019 бостоншиносони Институти бостоншиносии Германия Даниел Стингер ва Кристина Юнкер, 25 сентябр — 2 октябр мутахассисони Маркази таҳқиқоти илмии Франсия бо роҳбарии Ф. Бруне, 10 — 20 октябр бостоншиносони Ҷумҳурии Мардумии Чин, 11 — 25  октябр бостоншиноси Институти шарқшиносии шаҳри Москва (Россия) Виноградова Н. М. ва Ламбарда Ҷ.аз Осорхонаи шарқи шаҳри Рим (Италия) дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони тоҷик дар омўзишу таҳқиқи Саразми бостонӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ бо истифода аз техника ва технологияи муосир корҳои ҷустуҷўӣ анҷом дода шуданд. Дар натиҷа тарҳи дарёчае, ки дар қадим шаҳри Саразмро шодоб мекард, пайдо карда шуд ва ҳамзамон ҳавзҳое, ки аз он саразмиён истифода мекарданд, муайян карда шуданд.

Натиҷаи таҳқиқи Саразм ва бозёфтҳои бостоншиносии он, нақши Саразм дар ташаккули фарҳанги зироатпарварӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ дар се ҳамоиши калони илмӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор хоҳанд гирифт.

Конференсияи нахустини илмӣ-амалӣ ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ зери унвони “Саразм-оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” 20 декабри соли 2019 бо иштироки васеи олимон ва мутахассисони ҷумҳурӣ доир гардид.

Февраль 10, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон