«Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан»-ҷамъомади идона дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан» ҷамъомади идона доир гардид. Дар он муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, меҳмонон аз сохторҳои низомии мамлакат ва афсарону сарбозон ширкат намуданд.
Тавре афсари Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳотамиён иброз дошт, “27 сол қабл дар як замони ниҳоят душвори сиёсиву иқтисодӣ ва вазъияти душвор дар заминаи холӣ таъсис додани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон барои роҳбарияти ҳукумати он давра хеле кори сангин буд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки саҳми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон дар барқароркунӣ ва пойдории сулҳу субот дар саросари мамлакат беназир аст”.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар давлати азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






