ФУТБОЛ: «Хуҷанд» дар бозӣ бо дастаи «Нефтчӣ» ғолиб нагардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар сафар ба муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуда, бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобияшро дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ бо дархости дастаи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






