Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти мазкур озмун эълон намуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар қарори мазкур омадааст, ки Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
Бояд гуфт, ки вазифаи Сардори Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ва мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раис, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо аз ҷумлаи ин мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд.
Довталабон метавонанд ҳамчунин барои ишғоли вазифаҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси шуъбаю раёсатҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар озмун иштирок намоянд.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯзи баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-64-31, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj








«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд






