Дар Афғонистон ҳолати аввали сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси нав ба қайд гирифта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе шабакаи телевизионии Афғонистон 1TV бо истинод ба вазири тандурустии кишвари номбурда Фирозуддин Фероз иттилоъ додааст.
Вазир гуфт, ки «нахустин сирояти коронавирус дар Афғонистон дар музофоти Ҳирот, ки он дар шимолу ғарби ин кишвар ҷойгир аст, тасдиқ шудааст»,- хабар медиҳад «Арменпресс «бо истинод ба ТАСС.
Дар вилоят вазъияти фавқулода эълон шудааст, илова намуд Фероз. Ғайр аз ин, тибқи суханони вазир, кумитаи амнияти миллӣ дастур додааст, ки ҳаракат дар роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ аз Ҳирот ба Эрони ҳамсарҳад боздошта шавад.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






