Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос оғоз гардид

Февраль 25, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврал аз рӯи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» курси такмили ихтисос барои мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти мамлакат, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзӯъҳоеанд, ки дар курси мазкур омӯзонида мешаванд.

Зикр гардид, ки бунёди ҷомеаи солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Ба ин восита мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаро бо масъулияти баланди касбӣ муваффақона анҷом диҳем. Инчунин бобати омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро гузорем. Зеро ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Зимни омӯзиш оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон, дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба ин гуна курсҳо ёдрас шуданд. Курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ тавассути онҳо дониши худро такмил дода, дар фаъолияти минбаъда аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд.

Февраль 25, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад