ДАР БАДАХШОН ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС МЕЁБАНД. Акнун ба сокинони вилоят барои канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода шуд

Февраль 27, 2020 13:05

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  се нуқтаи хариди металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо — дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб ва Рӯшон ташкил карда шудаанд. Айни ҳол дар вилоят  барои гирифтани иҷозат 116 нафар ба мақомоти ваколатдор дархост пешниҳод намуда,  50 нафар аллакай рухсат  барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтаанд. Боқимонда дархостҳо тибқи коидаҳои мавҷуда дар арафаи баррасӣ қарор доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019  “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ба ин фаъолият ичозат дода шуд.

«Ҷои пинҳон нест, ки то қабули қарори мазкур баъзе сокинони вилоят  бо роҳи ғайриқонунӣ — қочоқ ба ин кор машғул мешуданд ва мутаассифона, дастгир шуда,  маҳбасӣ  мегаштанд. Қабули қарори мазкур имкон медиҳад, ки ин шуғл акнун қонунӣ гашта,  ҳазорон нафар метавонанд соҳиби ҷои кор гарданд»,-афзуд манбаъ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираи конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи пайдоиши табиии минералӣ, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавӣ ва дигар омилҳои табиии  ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд ва дарёҳое, ки обашон дар таркибаш тилло доранд, хеле маъмул мебошад.

Қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим даровард.

Тарзи додани иҷозат ниҳоят сода гардонида шуда, амалан он танҳо бақайдгирӣ мебошад. Бақайдгирӣ тавассути шуъбаи молияи ноҳия аз тарафи Вазорати молия сурат мегирад. Дар додани иҷозат ба шахсони воқеӣ ягон шарт ва монеа пешбинӣ нашуда, ба хоҳишмандон тибқи пешниҳоди ариза ба мақомоти молияи маҳаллӣ бе мамониат иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ тибқи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояшон ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешаванд.

Мавзеъҳое, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд, аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба мақоми ваколатдор, яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга: тилло, нуқра, платина, қалъагӣ (қалъагисанг), волфрам, титан, минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо: гурӯҳи корунд – ёқути сурх ва ёқути кабут, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, гурӯҳи квартс, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.

Хариду фурӯши канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи истихроҷшуда тибқи қоидаҳое, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006  “Дар бораи Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга” тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешаванд.

Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозат шахсони воқеӣ бо пешниҳоди ариза ва нусхаи шиноснома ба мақомоти молия дар маҳал муроҷиат менамоянд. Дар навбати худ мақомоти молия дар маҳал нусхаи ҳуҷҷатҳоро бо муросилоти почтаи электронӣ ба Комиссияи вазорат оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ирсол менамояд. Ба истиснои ҳуҷҷати болозикр талаб намудани дигар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ манъ мебошад.

Пас аз қабули қарор дар бораи иҷозатнома аз ҷониби Комиссия, ҳуҷҷати иҷозат тавассути мақомоти молия дар маҳал ба шахсони воқеӣ (довталаб) расонида мешавад.

Раванди пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозат дар «Тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ»  муфассал дарҷ ёфта, муҳлати баррасии ариза 10 рўзи кориро дар бар мегирад.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои баррасии ариза як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”) ва дар сурати қабул гардидани қарор дар хусуси додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои бланк) ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

Талаб намудани дигар пардохтҳо аз довталабон манъ мебошад.

Дар навбати худ дорандагони иҷозат уҳдадор мебошанд, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшударо ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия фурўшанд.

Роҳбарони мақомоти молия дар маҳал барои риоя кардани талаботи тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ масъулияти шахсӣ доранд.

Февраль 27, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд