Дар «Чилдухтарон» меҳмонхонаи 5-ситорадор бунёд мегардад

Февраль 17, 2020 14:31

МУЪМИНОБОД, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи таърихии  «Чилдухтарон»-и ноҳияи Муъминобод  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   меҳмонхонаи  5- ситорадори мутобиқ ба  стандартҳои ҷаҳонӣ  сохта мешавад. Айни ҳол сохтмони ин иншоот бомаром идома дорад. Дар ин бора ба  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод  Бахтовари Диловар хабар дод.

Муъминобод ноҳияи кӯҳсор буда, дар қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ва шарқи вилояти Хатлон воқеъ аст. Нуқтаҳои баландтарину пасттаринаш  мутаносибан 2814  ва 1100 м мебошанд. Қаторкӯҳҳои зебои Чилдухтарон, мавзеи афсонавию таърихии овозадор маҳз дар ноҳияи Муъминобод ҷойгиранд. Ҳамчунин дараҳои Маҳмуд, Мулло, Рисқидара, Лангар, Шуғноншаҳр, Хоҷаи Нур, Биби Навро, Биби Савро, Чӯбек, Кӯл, Сайёд, Чаргиҳо, Чаргикалон, Душанбе, Аъроб, Ларсой, Дошманд диққатрабою тамошобоб буда, барои сайёҳии кӯҳгардӣ мувофиқанд.

Тавре Б. Диловар изҳор дошт, «бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ноҳия  сайёҳӣ рушд ёфт ва шумораи сайёҳон  нисбат ба  соли гузашта ба маротиб зиёд гардид.  Дар натиҷа маблағи даромад  аз ҳисоби он ба ноҳия дар маҷмӯъ  300 ҳазор  сомониро ташкил дод. Соли гузашта  21 ҳазору 841 нафар сайёҳ аз  манзараҳои  нотакрори ноҳияи кӯҳистони Муъминобод дидан намуданд. Аз ин теъдод 695 нафар   сайёҳ аз   давлатҳои хориҷи дур — Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Амрико, Швейтсария, Германия, Канада ва ғайра буданд, ки   мувофиқи хатсайрҳои муайншудаи сайёҳӣ  ба  оромгоҳи  ҳазрати Шоҳи  Хомӯш, осорхонаи устод Соҳиб Табаров, Қалъаи Муъминобод, Чилдухтарон  рафта,  ин мавзеъҳои  таърихию  фарҳангиро тамошо карданд».

-Дар арафаи  ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар ноҳия  як зумра иншооти  сайёҳӣ  ба истифода дода шуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.  Дар ноҳия зиёда аз 30 адад мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ   мавҷуд буда,  сайёҳон  ба тамошои  онҳо  майли беандоза доранд.  Сайёҳони хориҷӣ  асосан  ба тамошои   мавзеи «Чилдухтарон»  таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Онҳо борҳо аз тамошои ин мавзеъ таассуроти амиқи хешро баён намуда, дар оянда ба тамошои он омаданашонро низ таъкид кардаанд. Итминон дорем, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи муосир дар ин мавзеъ ташрифи сайёҳон  ба  ин макони таърихӣ  ба маротиб меафзояд,- афзуд Бахтовари Диловар.

Ёдовар мешавем, ки дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара ҷойгир аст,  ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст. Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он «Қабри Сӯҳроб» ном ниҳодаанд. Ҳамасола ба зиёрати он садҳо нафар сайёҳони дохилу хориҷӣ меоянд. Каме дуртар аз ин мавзеъҳо, дар деҳаи Ҷавзодара, дар масоҳати 7 гектар «Бозори Зелолак» ҷойгир аст, ки  ба асрҳои V–VI  тааллуқ дорад.

Дар ноҳияи Муъминобод  «Маркази  иттилоотии сайёҳӣ» таъсис дода шудааст, ки  ҳар нафар метавонад  аз он васеъ истифода барад. Инчунин дар маркази   иттилоотӣ  барои сайёҳон хайма, радио, хати об, харитаи сайёҳӣ, рахти хоб ва хатсайри  ноҳия ройгон пешниҳод карда шудааст.

ДАР АКСҲО: мавзеи Чилдухтарон

Февраль 17, 2020 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид