Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор шуд

Февраль 15, 2020 10:59

ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар   Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон  ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ   таҳти унвони «Рушди маънавиёт  омили солимии фард ва ҷомеа» бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки чунин ҳамоишҳо  дар пойтахт бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии модиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ,  таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа шурӯъ аз 8 ноябри соли 2019 то 4 июли соли 2020 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Дашанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст,  баргузор мешаванд.

Ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон, ходимони дин дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, доир  мешаванд.

Дар ҳамоиш олимону коршиносон  оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуда, ҷавононро ба омӯзиши илму ҳунар ҳидоят намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки тамоми мушкилиҳои ҷавонон, аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра аз нахондани китоб ва вақти худро беҳуда сарф намудан маншаъ мегирад, яъне маънавиёти костаи онҳо  сабаби даст задан ба ин амалҳои номатлуб мегардад. Мутолиаи китоб ва пайваста машғул будан ба омӯзиши илму ҳунар, вақти худро босамар истифода бурдан асоси саодатмандии ҷавонон хоҳад буд.

Сипас донишҷуёни фаъол ва устодни ин донишгоҳ дар ин мавзӯъ  мубодилаи афкор намуданд.

Февраль 15, 2020 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад