Дар Душанбе аввалин маросими унвондиҳии варзишгарон дар соли 2020 доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 феврал бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аввалин маросими унвондиҳии варзишгарон дар соли 2020 доир шуд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар маросими расмии унвондиҳӣ 53 нафар варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳа бо унвонҳои варзишӣ, аз ҷумла, 24 нафар бо унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 11 нафар бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», 1 нафар бо унвони «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10 нафар бо унвони фахрии варзишии «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 7 нафар бо унвони фахрии варзишии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни маросим раиси Кумита аз осорхонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан намуда, сипас бо варзишгарони лаёқатманди мамлакат суҳбату вохӯрӣ намуд. Зикр шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, хосса аз лиҳози модию молиявӣ дастгирию ҳавасманд намудани варзишгарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Чунончи дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 «Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 6 маротиба амрҳои Президенти мамлакат қабул гардида, 180 нафар варзишгарони мамлакат ба маблағи 3 793 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд, ки аз ин миқдор танҳо соли 2019 42 нафар варзишгарони муваффақи мамлакат бархурдор ва ба миқдори 911 250 сомонӣ ҳавасманд карда шудаанд.
Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумита соли 2019 739 нафар бо унвони “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 150 нафар бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 39 нафар бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин 13 нафар бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 17 бо унвони “Кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






