Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020 оғоз гардиданд

Февраль 14, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020  тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, иқдоми  мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангиву бадеӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе ва бо ин восита ба   худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Раиси шаҳр   масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намуд.

Ёдовар мешавем, ки 21 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар — рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин маъракаи  наврӯзӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.

Февраль 14, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд