Дар Душанбе то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, ки дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур бунёд мегардад, ба истифода дода мешавад. Корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот пурра ба итмом расида, феълан насби он бо ҷалби мутахассисон идома дорад. Корхонаи мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,34 гектар бунёд гардидааст. Дар корхона зиёда аз 25 номгӯй яхмос истеҳсол мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 нафар сокинони шаҳри Душанбе, асосан занону бонувон бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҶДММ «Ҳурия» ду хатти истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, мевагиҳо ва қаймоқ пешбинӣ шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд.
Феълан барои дастрас намудани маҳсулоти омодаи корхона ба шаҳру навоҳии мамлакат чор адад мошини махсусгардонидашуда харидорӣ гардида, корхона нақша дорад, ки боз чанд адад воситаи нақлиёти дигар харидорӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки 7 феврали соли равон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як зумра корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шинос шуда, аз корхонаи мазкур низ дидан намуд.
Раиси шаҳри Душанбе ба ҳолати санитарӣ, сифатнокии истеҳсолот дар корхона, истифодаи маҳсулоти табиӣ дар таркиби он ва дигар тадбирҳои вобаста ба ободонию сабзазорнамоии ҳудуди коргоҳ, аз ҷумла рангу бори намои зоҳирии он махсус таваҷҷуҳ карда, ба соҳибкор барои то ҷашни Наврӯз ба истифода додани корхона бо иқтидори пуррааш дастуру супоришҳои мушаххас дод.








«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






