Дар Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид

Февраль 1, 2020 08:58

ДУШАНБЕ, 01.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 баргузор гардид.

Азим Иброҳим зикр намуд, ки  бо вуҷуди  пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд.

«Тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони мамлакат, бо падару модарони шаҳрвандони синашон ба хизмат  расида, даъватшавандагон  бояд бо хоҳиши худ барои иҷро намудани қарзи фарзандӣ  дар назди Модар-Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд», — илова намуд муовини Сарвазир.

Бо дарназардошти таҳлилҳои гузаронида, муовини Сарвазири мамлакат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя баҳодиҳӣ намуд. Вобаста ба ин, барои 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд. Аз ҷумла, 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хизматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

Инчунин нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бинобар сабаби роҳ додан ба баъзе  камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва И.Сомонӣ  тадбирҳои  зарурии дахлдор андешида шавад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон изҳори нигаронӣ  намуд, ки дар ин раванд хунукназарӣ аз ҷониби бархе аз масъулин дида мешавад. Ин камбудиҳо дар ҳоле  ба вуҷуд меоянд, ки хароҷоти вобаста ба даъвати тирамоҳии наваскарон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра пардохт мегардад.

Муовини Сарвазир аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава)  ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун як амалӣ номатлуб  номид.

Дар ҷаласа  гуфта шуд, ки мояи ифтихор аст, ки қишре аз ҷавонони бо нангу номус, барои адои хизмат ба комиссариатҳои ҳарбӣ худашон муроҷиат мекунанд. Ҳамасола тамоюли рӯ ба афзоиш овардани   шумораи ихтиёриён умедворкунанда аст.  Дар баробари ин аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ»  бо таҳрири нав таҳия гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба вазорату идораҳои дахлдор  ирсол карда шудааст.

Февраль 1, 2020 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд