Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мегарданд. Ин матлаб зимни мулоқоти ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баён гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот пешниҳод гардид, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Франсия ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд.
Хонум Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намуд, ки аз ҷониби бонувони Франсия либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик Ясмин Гуедар тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯи мӯди либос барои омӯзгорон ва донишҷӯён тренинг ташкил намояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Франсия, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима гардид. Сафири Франсия аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сипас аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкадаи мазкур якчанд китобҳои дизайнерӣ ва таълимӣ туҳфа гардиданд.








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






