Дар Минск лоиҳаи Низомномаи Осорхонаи виртуалӣ оид ба мероси фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 феврал дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Низомнома дар бораи Осорхонаи виртуалии мероси фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҳадафи лоиҳа муттаҳид сохтани мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишварҳои аъзои ИДМ таҳти Осорхонаи ягонаи виртуалӣ дар Интеренет мебошад, ки дар он намунаҳои ҷолибтарини мероси фарҳангӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар назар аст, ки яке аз усулҳои асосии маҷозикунонии ашёи ба намоишгузоштаи осорхонаҳо манзараҳои вируталӣ (панорамаҳои 3D, панорамаҳои даврӣ, панорамаҳои дараҷаи 360 ) бо тасвири намунаҳои мероси фарҳангӣ, нигораҳои инфиродӣ, тахтаҳои намоишӣ шаванд, ки таваҷҷуҳи тамошобини маҷозиро бояд ба худ ҷалб созанд.
Шакли асосии пешниҳоди ахбор саёҳати маҷозӣ, аз ҷумла аксҳо дар ҳавои мусиқӣ ва унсурҳои мултимедиявӣ хоҳад буд. Чунин сайр метавонад дар асоси аксҳои воқеӣ, ки дар фазои 3D шабеҳи онро сохтан мумкин аст, сурат бигирад.
Дар бораи нияти иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон эълон карданд.








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






