Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими баистифодадиҳии бинои мазкур сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён иштирок доштанд. Ин иқдом бо мақсади хубу босифат анҷом додани хизматрасониҳо дар самти дастрасии шаҳрвандон ба гирифтани шиноснома роҳандозӣ гардидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Панҷакент баъди боздид аз утоқҳои корӣ ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида бо ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони милитсия ёдовар шуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзанда маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирииро зарур аст сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро беҳтар ба роҳ монда, дар ҳама гуна ҳолат барои хизмат ба мардум омода бошанд.
Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шудааст.
Бинои нав дар шафати бинои асосии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри мазкур ҷойгир буда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, 1 ҳуҷраи бойгонӣ, 2 толори васеъ ва барҳаво барои интизории шаҳрвандон, ҳуҷраи хизматрасонӣ ва даромадгоҳ иборат аст.
Бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, мебелу ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои сари вақт ва бе мушкилӣ қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандони шаҳри Панҷакенти бостонӣ шароит фароҳам меоварад.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






