Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд

Февраль 21, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  ба истифода дода шуд. Дар маросими баистифодадиҳии бинои мазкур сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд  Абдулло Навҷувонов  ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён иштирок доштанд. Ин иқдом  бо мақсади хубу босифат анҷом додани хизматрасониҳо дар самти дастрасии шаҳрвандон ба гирифтани шиноснома роҳандозӣ гардидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд  ва Раиси шаҳри Панҷакент баъди боздид аз утоқҳои корӣ ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида  бо ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони милитсия ёдовар шуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзанда  маънидод  карданд.

Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирииро зарур аст сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро беҳтар ба роҳ монда, дар ҳама гуна ҳолат барои хизмат ба мардум омода бошанд.

Иншооти мазкур  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шудааст.

Бинои нав дар шафати бинои асосии шуъбаи  Вазорати корҳои дохилии шаҳри  мазкур  ҷойгир  буда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, 1 ҳуҷраи бойгонӣ, 2 толори васеъ ва барҳаво барои интизории шаҳрвандон, ҳуҷраи хизматрасонӣ ва даромадгоҳ иборат аст.

Бинои  Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ   мутобиқ ба  талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, мебелу ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои сари вақт ва бе мушкилӣ қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандони шаҳри Панҷакенти бостонӣ шароит фароҳам меоварад.

Февраль 21, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст