Дар Таиланд табибон маҷмӯи дорувориҳоро барои табобати коронавирус омода намуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи дорувориҳои зидди ВНМО ва зуком дар табобати бемории коронавируси 2019-nCoV дар Таиланд манфиатбахш буд, навиштааст рӯзномаи «South China Morning Post» бо истинод ба Вазорати тандурустии шоҳигарӣ, менигорад АМИТ «Ховар» бо такя ба ТАСС.
Зани бемори 71-сола, шаҳрванди Чин, бо нишонаҳои бемории шадиди илтиҳоби шуш ба беморхонаи Рачавитии Бангкок қабул шуд. Барои табобат духтурон доруи зидди зуком «Оселтамивир»-ро, ки бо он бемориҳои роҳи нафасро дар Шарқи Наздик (MERS), табобат мекарданд ва ҳамчунин дору бар зидди ВНМО «Лопинавир/ Ритонавир»-ро истифода намуданд. Баъди 48 соати ворид намудани дору санҷиши лабораторӣ натиҷаи манфӣ нишон дод.
Акнун Вазорати тандурустии Таиланд барои тасдиқ намудани маълумот натиҷаҳои иловагии таҳқиқотро интизор аст. Шумораи умумии гирифторони сирояти коронавирус дар ин шоҳигарӣ 19 нафар буда, беморони шифоёфта 8 нафарро ташкил медиҳанд. 382 нафари дигар бо гумони доштани ин беморӣ таҳти назорати духтурон қарор доранд.
31 декабр ҳукуматдорони Чин ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хурӯҷи бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар Ухан, воқеъ дар қисми маркази ин кишвар маълумот доданд. Коршиносон ангезандаи ин маризиро муайян намуданд, ки он вируси 2019-nCoV мебошад. ТУТ авҷ гирифтани бемории мазкурро чун ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






