Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Пиёдагард» оғоз гардид

Февраль 11, 2020 15:38

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 11 то 20 феврали соли 2020 амалиёти «Пиёдагард» доир менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани амалиёти «Пиёдагард» коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд, ки ин боиси ташвишу нигаронист.

Агар ба омор назар афканем, мебинем, ки танҳо давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 89 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 43- тои онро пахшкунии пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар  натиҷаи  ин ҳодисаҳо 11 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 35 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА, дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла дар доираи амалиёти «Пиёдагард», ҳамчунин аз ҷониби кормандони БДА ва кормандони ғайрибастӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва олӣ  суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

 

Февраль 11, 2020 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд