Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода: «Соли 2019 ба миқдори 2 313 736 кг маҳсулоти хӯроквории гуногуни пастсифат ошкор гардид»

Февраль 3, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба миқдори 2 313 736 кг маҳсулоти хӯроквории гуногуни пастсифат ошкор намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода иттилоъ дод.

«Як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагони ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд»,-гуфт Қудрат Давлатзода.

Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории Агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 732 298 кг маҳсулоти гӯштӣ, 252 214 кг равғани растанӣ, 22 683 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 640 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 62 805 кг маҳсулоти қаннодӣ, 139 947 кг намак, 33 853 кг чой, какао, қаҳва, 3349 кг маҳсулоти ширӣ, 45 560 кг иловагиҳои ғизоӣ, 3930 кг консерваҳо, 8 490 кг қанду набот, 1743 кг маҳсулоти макаронӣ, 195 110 кг орди гандумӣ, 206 395 кг меваи хушк, 42 346 дона тухми мурғ, 353 648 дона қандакҳои хитойӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуданд.

Аз ҷониби нозироти савдо соли 2019 маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз ҷумла, масолеҳи сохтмонӣ – 66 468 кг, фурӯзонакҳои тафсон – 4 973 дона, фурӯзонакҳои каммасраф – 6 782 дона, маводи ороишӣ – 21 685 адад, бозичаҳо – 85 778 дона, ноқил–47 042 метр (аз рӯи ташхис), тамоку 11 292 кг, тахта — 121 м3, матоъ – 2 439 м, телефони мобилӣ – 462 адад, дафтар – 8 540 дона, китоб – 300 дона, либос – 2689 адад, либоси мактабӣ – 480 ҷуфт, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

«Бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон ва ҳимояи  бозори истеъмолӣ оид ба воридшавии маҳсулоти ғайристандартӣ барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа дар 8599 ҳолат ба маблағи умумии 2 001 180 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ бароварда шуданд»,-иброз намуд директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода.

Февраль 3, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ – Чин иштирок намуд
Дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» доир мегардад
Пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» даврҳои омодагии ибтидоӣ барои роҳбаладон ташкил намудааст
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи 99-уми Шурои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
Дар иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ раёсат аз Тоҷикистон ба Узбекистон гузашт
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми глобалии сиёсат дар Манила иштирок намуд