Доварони бозии дастаи «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҳакамонеро, ки бозиҳои дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистонро дар плей-оффи Ҷоми КФО-2020 доварӣ мекунанд, таъйин намуд. Бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои «Нефтчӣ» барандаи Ҷоми Қирғизистон ва «Хуҷанд» ноиби қаҳрамони Тоҷикистонро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари ФИФА Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳакамони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ» аз Урдун мебошанд. Довари ФИФА Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои футболи «Нефтчӣ» ва «Хуҷанд» 19 феврали соли равон дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни дастаҳои «Нефтчӣ» ва «Хуҷанд» дастаи ғолиб ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00 (бо вақти маҳаллӣ)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)
Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00 (бо вақти Душанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






