Душанбе аз ҷониби ESCAP-ЭСКАТО ҳамчун аввалин шаҳри таҷрибавӣ дар истифодаи унсурҳои инноватсионии шаҳрсозии устувор интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) тасмим гирифтааст, ки бо мақсади кумак ба шаҳри Душанбе дар рушди шаҳрсозӣ Лоиҳаи нави таҷрибавиро доир ба рушди иқтидор таҳти унвони «Пешгӯии шаҳрсозии устувор: Дастгирии устувори банақшагирии инфрасохтор дар шаҳрҳо»дар ин шаҳр татбиқ намояд. Амалишавии Лоиҳаи мазкур моҳи августи соли 2019 оғоз гардида, то декабри соли 2020 идома меёбад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тарҳрезии беҳтари рушди инфрасохтори устувор, идоракунии шаҳр тавассути таҳия ва истифодаи методологияи пешгӯишаванда, инчунин сармоягузорӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, инфрасохтор, баровардани эҳтиёҷоти молиявии аҳолии пешбинишуда, инчунин рушди иқтисодӣ кумак мерасонад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахшида ба рушди шаҳрсозӣ 17-18 феврал бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) дар пойтахт машғулият доир гардид. Дар он мутахассисону коршиносон, олимону муҳаққиқони сатҳи байналмилалӣ, намояндагону кормандони соҳаи шаҳрсозиву меъморӣ ва сохтору ниҳодҳои марбутаи соҳа атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди инфрасохтори мунисипалӣ ва дастгирии навовариҳои сиёсати шаҳрсозӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар машғулият гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе солҳои охир дар самти рушди шаҳрсозӣ ва меъморӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин робита, интихоби Душанбе — ҳамчун аввалин шаҳри таҷрибавӣ дар истифодаи унсурҳои инноватсионии шаҳрсозии устувор аз ҷониби Шуъбаи муҳити зист ва рушди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) ба баланд бардоштани рушди хизматчиёни давлатии шаҳр, ки дар гурӯҳҳои кории миллӣ ва минтақавӣ иштирок мекунанд, иқдоми хуб ва саривақтӣ маънидод мегардад.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






