Дзюдочиёни тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020» иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки 8-9 феврал дар «AccorHotels Arena of Bercy»-и пойтахти Франсия — шаҳри Париж доир мегардад, ширкат меварзад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муддаиёни роҳхатҳои олимпӣ Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) шомил мебошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин марҳилаи дуввуми «Силсилаи ҷаҳонӣ» пас аз «Grand Slam»-и моҳи январ дар Исроил аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа, рӯзи шанбе, барои медалҳо аз рӯи чор вазн миёни бонувон — 48, 52, 57 ва 63 кг ва се вазн миёни мардон — 60, 66 ва 73 кг қувваозмоиҳо сурат мегиранд.
Рӯзи якшанбе ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазни боқимонда муайян мешаванд: 70, 78 ва +78 кг миёни бонувон ва 81, 90, 100 ва +100 кг миёни мардон. Ҳамагӣ барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардон ва бонувон бозӣ карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа, варзишгарон дар раддабандии олимпӣ хол ба даст меоранд.
Қобили зикр аст, ки дар соли олимпӣ аз рӯи тақвими Федератсияи байналмилалии дзюдо чунин мусобиқаҳо, ба монанди «Grand Slam»-и Париж ҳамчунин дар Дюсселдорфи Германия (моҳи феврал), Екатеринбурги Россия (моҳи март) ва Бокуи Озарбойҷон (моҳи май), ки барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио рейтингӣ ҳисобида мешавад, баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, паҳлавони тоҷик, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни то 73 кило садрнишин гардид.
Пас аз пирӯзӣ дар чемпионати ҷаҳон соли гузашта, ӯ дар раддабандӣ аз ҷои 58-ум ба ҷои аввал баромад. Маҳмадбеков 559 имтиёз ба даст оварда, бо тафовути 8 имтиёз аз варзишгари Молдавия Виктор Стерпа пеш гузашт.
Ба садгонаи беҳтарин ҳамчунин даҳ паҳлавони дигари Тоҷикистон шомил шуданд.
Аз миёни онҳо ба панҷоҳгонаи беҳтарин Ҷаҳонгир Маҷидов (дар ҷои 8-ум), Меҳрзод Суфиев (дар ҷои 25-ум), Шарифҷон Назриев (дар ҷои 26-ум), Муҳаммадризо Қувватов (дар ҷоий 27-ум) ва Шодмон Ризоев (дар ҷои 35-ум) шомил шуданд.
Барномаи «Paris Grand Slam 2020» (ба вақти Душанбе)
7 феврал
16.00: Қуръакашӣ
22.00 – 22.30: Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.
8 феврал – ПАХШИ МУСТАҚИМ ВА НАТИҶАҲО. Рӯзи аввали мусобиқа.
Вақт муайян мешавад: Марҳилаи муқаддамотӣ: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.
19.00: Бахши финалӣ: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.
22.00 – 22.30: Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78.
9 феврал – ПАХШИ МУСТАҚИМ ВА НАТИҶАҲО. Рӯзи дуввуми мусобиқа.
Вақт муайян мешавад: Марҳилаи муқаддамотӣ: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78кг.
19.00: Бахши финалӣ: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78кг.
22.00 – 22.30: Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78.









Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






