Дзюдочиёни тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020» иштирок менамоянд

Февраль 7, 2020 16:17

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки 8-9  феврал дар «AccorHotels Arena of Bercy»-и пойтахти Франсия — шаҳри Париж доир мегардад, ширкат меварзад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муддаиёни роҳхатҳои олимпӣ Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) шомил мебошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин марҳилаи дуввуми «Силсилаи ҷаҳонӣ» пас аз «Grand Slam»-и моҳи январ дар Исроил аст.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, рӯзи шанбе, барои медалҳо аз рӯи чор вазн миёни бонувон — 48, 52, 57 ва 63 кг ва се вазн миёни мардон — 60, 66 ва 73 кг қувваозмоиҳо сурат мегиранд.

Рӯзи якшанбе ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазни боқимонда муайян мешаванд: 70, 78 ва +78 кг миёни бонувон ва 81, 90, 100 ва +100 кг миёни мардон. Ҳамагӣ барои  14 маҷмӯи медалҳо байни мардон ва бонувон бозӣ карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа, варзишгарон дар раддабандии олимпӣ хол ба даст меоранд.

Қобили зикр аст, ки дар соли олимпӣ аз рӯи тақвими Федератсияи байналмилалии дзюдо чунин мусобиқаҳо, ба монанди «Grand Slam»-и Париж ҳамчунин дар Дюсселдорфи Германия (моҳи феврал), Екатеринбурги Россия (моҳи март) ва Бокуи Озарбойҷон (моҳи май), ки барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио рейтингӣ ҳисобида мешавад, баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, паҳлавони тоҷик, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни то 73 кило садрнишин гардид.

Пас аз пирӯзӣ дар чемпионати ҷаҳон соли гузашта, ӯ дар раддабандӣ аз ҷои 58-ум ба ҷои аввал баромад. Маҳмадбеков 559 имтиёз ба даст оварда, бо тафовути 8 имтиёз аз варзишгари Молдавия Виктор Стерпа пеш гузашт.

Ба садгонаи беҳтарин ҳамчунин даҳ паҳлавони дигари Тоҷикистон шомил шуданд.

Аз миёни онҳо ба панҷоҳгонаи беҳтарин Ҷаҳонгир Маҷидов (дар ҷои 8-ум), Меҳрзод Суфиев (дар ҷои 25-ум), Шарифҷон Назриев (дар ҷои 26-ум), Муҳаммадризо Қувватов (дар ҷоий 27-ум) ва Шодмон Ризоев (дар ҷои 35-ум) шомил шуданд.

Барномаи «Paris Grand Slam 2020» (ба вақти Душанбе)

7 феврал

16.00: Қуръакашӣ

22.00 – 22.30:  Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.

8 феврал – ПАХШИ МУСТАҚИМ ВА НАТИҶАҲО. Рӯзи аввали мусобиқа.

Вақт муайян мешавад: Марҳилаи муқаддамотӣ: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.

19.00: Бахши финалӣ: Мардон — 60, 66, 73кг; Бонувон — 48, 52, 57, 63кг.

22.00 – 22.30: Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78.

9 феврал – ПАХШИ МУСТАҚИМ ВА НАТИҶАҲО. Рӯзи дуввуми мусобиқа.

Вақт муайян мешавад: Марҳилаи муқаддамотӣ: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78кг.

19.00: Бахши финалӣ: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78кг.

22.00 – 22.30: Баркашӣ аз рӯи вазнҳо: Мардон — 81, 90, 100 ва +100; Бонувон — 70, 78 ва +78.

Февраль 7, 2020 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродӣ муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
Элза Пинйол: «Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намуданд»
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи дуюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоиздорони рӯзи якуми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов сазовори медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ доир ба кикбоксинг дар Тошканд соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шуданд
Дар Тоҷикистон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид