Эътимод ба вакилони мардумӣ. Соли сипаригардида беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон муроҷиат кардаанд

Февраль 19, 2020 11:39

ДУШАНБЕ, 19.02.2029. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 аз ҷониби шаҳрвандон ба унвони вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 5 ҳазору 400 муроҷиат ворид гардидааст. Дар ин бора котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон асосан ба таври хаттӣ, электронӣ, телефонӣ ва зимни қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакилон сабт шудаанд.

«Аз ҳисоби умумии муроҷиатҳо 663-то  ба таври хаттӣ ворид шуда, 4 ҳазору 736 нафар барои мулоқот бо вакилонашон ба Маҷлиси намояндагон ташриф оварданд. Муроҷиатҳои боқимонда ба вакилони мардумӣ тариқи телефони доимоамалкунанда ва почтаи электронии «Равзанаи Парламент» расидаанд», — афзуд Муҳаммадато Султонов.

Гуфта мешавад, ки соли сипаригардида роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 1 ҳазору 56 нафар муроҷиаткунандаро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати ҳалли мушкили шаҳрвандон тадбирҳои дахлдор андешидаанд.

Барои баррасии саривақтӣ ба муроҷиат ва арзу дархости шаҳрвандони мамлакат дар назди дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон амал менамояд, ки муроҷиатҳои сокинонро сари вақт ва таъҷилӣ ба кумита ва комиссияҳои дахлдор барои баррасӣ мерасонад.

«Агар мактубҳо ва дархостҳои аҳолӣ ба Маҷлиси намояндагонро ба таври умумӣ таҳлил намоем, метавон гуфт, ки интихобкунандагон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони худ эътимоди комил доранд», — гуфт манбаъ.

Февраль 19, 2020 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид