«ФОИЗҲОИ САБУК». Бо чунин ном «Спитамен Бонк» аксияи баҳорӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Спитамен Бонк» бо номи «Фоизҳои сабук» аксияи баҳорӣ эълон намуда, аз паст шудани фоизи қарзҳо хабар мерасонад. Иқдоми баҳорӣ ба ҳама маҳсулоти қарзӣ дахл дошта, аз 17 феврал то 30 апрели соли 2020 гузаронида мешавад.
Дар доираи ин аксия мизоҷон метавонанд бо фоизҳои пасткардашуда, аз ҷумла, бо асъори хориҷӣ бо 14% солона ва бо пули миллӣ бо 22% солона қарз гиранд. Ба ғайр аз ин, агар маблағи қарз бо сомонӣ аз 200 000 сомонӣ зиёд бошад, пас фоизҳо 2 зинаи дигар (20%) кам карда мешаванд.
Ҳамзамон дар давраи иқдоми баҳорӣ метавон барои харидани мошини шахсӣ аз хизматрасонии автоқарз истифода кард. Ин хизматрасонӣ на танҳо бо фоизҳои пастшуда, балки бе пешпардохт низ сурат мегирад. Шартҳои автоқарз ҳам нисбат ба мошинҳои нав ва ҳам ба мошинҳои бозори дуюм татбиқ мешаванд.
Иқдоми навбатии Спитамен Бонк барои ба таври шоиста зиндагӣ намудани мардум равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон 25 филиал ва марказҳои хизматрасонии “Спитамен Бонк” дар саросари мамлакат фаъолият дошта, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ номгӯи васеи хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд.








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






